Аз оғози сол нарху тарифҳо дар Тоҷикистон 4,6% боло рафтанд

Сатҳи таваррум дар моҳи июли соли равон дар ҷумҳурӣ 0,3%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон. Ба ин тариқ, мизони таваррум дар бахши истеъмолии ҷумҳурӣ аз оғози сол 4,6%-ро ташкил дод. Дар Бонки миллӣ қайд мекунанд, ки сатҳи таварруми солона (аз моҳи июли соли 2019 то июли соли 2020) ба 7,7 баробар шудааст. Болоравии […]

Сатҳи таваррум дар моҳи июли соли равон дар ҷумҳурӣ 0,3%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Ба ин тариқ, мизони таваррум дар бахши истеъмолии ҷумҳурӣ аз оғози сол 4,6%-ро ташкил дод.

Дар Бонки миллӣ қайд мекунанд, ки сатҳи таварруми солона (аз моҳи июли соли 2019 то июли соли 2020) ба 7,7 баробар шудааст.

Болоравии сатҳи таваррум асосан аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти ғизоӣ, инчунин гароншавии гази моеъ ва билетҳои ҳавопаймоӣ ба вуҷуд омадааст.

Мувофиқи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, ки охири моҳи июл аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шуд, аз рӯйи натиҷаҳои соли равон мизони таваррум 9,8%-ро ташкил хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки соли 2021 таваррум дар сатҳи 6,9%, соли 2022 – 6,8% ва соли 2023 – 7,1% пешгӯйӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта мизони таваррум дар бахши истеъмолии кишвар ба сатҳи рекордӣ тайи ҳафт соли охир – 8% расида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.