ҲДТ ва ҲСТ низ рӯзи баргузории анҷуманҳоро муайян карданд

Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) анҷумани пешазинтихоботии худро рӯзи 23 август дар шаҳри Душанбе баргузор мекунад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲДТ хабар дод, дар ин анҷуман номзад аз ҳизб ба интихоботи президентӣ пешбарӣ мешавад. Дар анҷумани пешазинтихоботии демократҳои Тоҷикистон аз иштироки наздики 80 нафар вакилон интизорӣ меравад. Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) 22 […]

Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) анҷумани пешазинтихоботии худро рӯзи 23 август дар шаҳри Душанбе баргузор мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲДТ хабар дод, дар ин анҷуман номзад аз ҳизб ба интихоботи президентӣ пешбарӣ мешавад.

Дар анҷумани пешазинтихоботии демократҳои Тоҷикистон аз иштироки наздики 80 нафар вакилон интизорӣ меравад.

Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) 22 август доир мегардад. Дар ин бора раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, барои иштирок дар анҷуман интихоби 1 вакил аз ҳар кадом 100 нафари аъзои ҳизб пешбинӣ шудааст.

ҲСТ имрӯз беш аз 21 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро дар сафҳои худ мутааҳид карда, ба ин тариқ, дар анҷумани ҳизб ҳудуди 200 нафар вакилон аз минтақаҳои гуногуни кишвар гирдиҳам меоянд.

Дар анҷумани ҲСТ як масъала – пешбарии номзад аз ҳизб барои иштирок дар интихоботи президентӣ баррасӣ мешавад.

Ба ин тариқ, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон айни ҳол аҳзоби зерин санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд: Ҳизби халқии демократӣ – рӯзи 3 сентябр, Ҳизби коммунист – 5 сентябр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 24 август, Ҳизби аграрӣ – 15 август,  Ҳизби демократ – 23 август ва Ҳизби сотсиалистӣ – 22 август номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ мекунанд.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) то ҳол рӯзи баргузории анҷумани пешазинтихоботии худро муайян накардааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.