Эмомалӣ Раҳмон бо табибони тоҷик вомехӯрад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 август дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” бо намояндагони низоми тандурустии кишвар вомехӯрад. Ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи касбии табибон, ки имрӯз таҷлил мегардад, баргузор мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, зимни мулоқот аз дастоварду камбудиҳои тибби муосири тоҷик натиҷагирӣ шуда, ба масъалаи мубориза бо […]

Аваз Юлдошев

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 август дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” бо намояндагони низоми тандурустии кишвар вомехӯрад. Ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи касбии табибон, ки имрӯз таҷлил мегардад, баргузор мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, зимни мулоқот аз дастоварду камбудиҳои тибби муосири тоҷик натиҷагирӣ шуда, ба масъалаи мубориза бо пандемияи коронавирус таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки 18 август – дар зодрӯзи табиб, олим ва файласуфи маъруфи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар ҷумҳурӣ Рӯзи табибон ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи иди мазкур бо ташаббуси ҳайатҳои кормандони тиббии ҷумҳурӣ ва Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон таъин шуд.

Соли 1995 парлумони Тоҷикистон ин рӯзро ба рӯйхати санаҳои иди давлатӣ дохил кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио