Дар ВМКБ марди 50-сола худро ба дарёи Шоҳдара партофт

Date:

Давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ду ҳодисаи нохуш дар об ба қайд гирифта шуд, ки яке аз онҳо қасди худкушӣ дошт.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ марди 50-солаи сокини деҳаи Даштаки ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакар даст ба худкушӣ зада, худро ба дарёи Шоҳдара партофт.

“Ҷустуҷӯи ҷасади номбурда дирӯз натиҷа надод, – қайд мешавад дар хабари Кумита. – Аз субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуданд. Сабаби худкушӣ таҳқиқ мешавад”.

Гуфта мешавад, ҷасади зани сисола, сокини ноҳияи Раштро, ки худ ва се фарзандашро ба дарёи Сурхоб афканда буд, дирӯз имдодгарони Кумита дар минтақаи Рашт пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

“Дар рӯзи аввали ҷустуҷӯ имдодгарон танҳо духтари сесолаи ӯро пайдо карда буданд, – қайд мешавад дар маълумот. – Ҷасади ин зан 25 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса, дар мавзеъи Даҳанаи ҷамоати Оби Меҳнат пайдо шудааст. ҷустуҷӯи писари 9-сола ва духтари 6-солаи ӯ идома дорад”.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 17 август як сокини 17-солаи деҳаи Дуғобаи ноҳияи Варзоб вақти оббозӣ дар дарёи Варзоб ғарқ шуда, сокинони деҳа тахминан 20 метр поёнтар аз ҷойи воқеъа ҷасади ӯро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...