Боздошти полковники Агентии зиддифасод барои порагирӣ ба миқдори махсусан калон

Date:

Полковники Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони порагирӣ дар Душанбе боздошт шуд.

Бино ба иттилои Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ, ӯро кормандони ҳамин Кумита ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон боздошт намудаанд.

“Кормандони КДАМ рӯзи 17-уми август мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ полковник Ҷонибек Маҳмадзодаро ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон дастгир карданд”, – қайд мешавад дар хабари Кумита.

Дар бораи дигар ҷузъиёти ҳодиса маълумот дода нашуда, зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...