Яке ҳофизӣ мекарду дигарӣ рақс, лекин таксирон хомӯш буд

Мақомоти милитсияи Душанбе ба ошкор кардани қонуншиканон тариқи наворҳои аз шабакаҳои иҷтимоӣ расида идома медиҳад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, рӯзи 17 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он шабона дар кӯчаҳои Душанбе як мусофири таксӣ тани худро аз тирезаи автомашина берун карда, дигарӣ доду фарёд […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мақомоти милитсияи Душанбе ба ошкор кардани қонуншиканон тариқи наворҳои аз шабакаҳои иҷтимоӣ расида идома медиҳад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, рӯзи 17 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он шабона дар кӯчаҳои Душанбе як мусофири таксӣ тани худро аз тирезаи автомашина берун карда, дигарӣ доду фарёд мекард.

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар навор сокини ноболиғи шаҳр сабт шуда, таксирон бо мушоҳидаи ин ҳолат, на ин ки монеи амалу кирдори ғайриахлоқии мусофирони худ гаштааст, балки дидаву дониста дар ҳолати хатарноку садамавӣ ба идора намудани автомашинаи худ идома додааст”, – қайд мешавад дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, мусофири дигари таксӣ сокини шаҳи Ваҳдат Алиҷон Анақулови 41-сола дар ҳолати мастӣ қарор дошта, ҳангоми ҳаракат садои худро баланд намуда, оромии шабонаи шаҳрвандонро халалдор сохтааст.

Бо қарори суд таксирон Сайнуриддин Идрисов ба 7 шабонарӯз ва мусофири “ҳофиз”-и автомашина ба 8 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд.

Зикр мегардад, ки мусофири ноболиғи таксӣ шартан ба маблағи 580 сомонӣ ҷарима шуда, волидони ӯ огоҳии қатъӣ гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.