Темур Зулфиқоров 2 млн рубл ҷоизаро ба камбизоатони Тоҷикистон тақсим карданист

Адиби русзабони тоҷик Темур Зулифқоров, ки ба дарёфти ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” қадрдонӣ шуд, 2 млн рубл маблағи ҷоизаро ба одамони камбизоат тақсим карданист. Дар ин бора худи шоир ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки аз сазовор дониста шуданаш ба ин ҷоиза изҳори хушнудӣ мекард. Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” аз ҷониби Шӯрои ҳамкории гуманитарии кишварҳо соли 2009 […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Адиби русзабони тоҷик Темур Зулифқоров, ки ба дарёфти ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” қадрдонӣ шуд, 2 млн рубл маблағи ҷоизаро ба одамони камбизоат тақсим карданист. Дар ин бора худи шоир ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки аз сазовор дониста шуданаш ба ин ҷоиза изҳори хушнудӣ мекард.

Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” аз ҷониби Шӯрои ҳамкории гуманитарии кишварҳо соли 2009 таъсис дода шудааст. Ҷоиза дар се бахш – илму маориф, фарҳангу ҳунар ва ҳамчунин фаъолияти гуманитарӣ тақдим гардида, аз мукофотпулӣ (2 млн. рубл), ифтихорнома, нишони фахрии ҷоизадор ва шаҳодатнома ба он иборат аст.

“Тӯли панҷ сол ман дар шароити камбизоатӣ зиндагӣ мекардам. Чи тавре ки мегӯянд, либосу пойафзоли дарида дар бар доштам. Дар робита ба ҷоиза гуфтаниам, ки гирду атрофам одамони камбизоат хеле зиёданд, аз ин рӯ, ба оилаҳое, ки зиндагии хеле фақирона доранд, кумак мекунам. Ба назарам, Худо ба одамон барои он пул медиҳад, то ки ба шахсони бештар камбизоат ёрӣ расонад”, – гуфт Темур Зулфиқоров.

Ӯ ба президенти кишвар барои муссоидати ба ватан баргаштанаш изҳори миннатдорӣ намуд:

“Шоду мамнун ва аз президент миннатпазирам, ки ба туфайли ӯ ба ватан баргаштанам муяссар шуд. Мудом таваҷҷуҳашро ба худ эҳсос мекунам. Адабиёти бузург ҳамеша бо ҳокимони бузург ҷараён мегирад”, – гуфт шоир.

Адиб қайд кард, ки пулашро барои нашри китобҳояш харҷ карданӣ нест:

“Мухолифи онам, ки муаллиф бо пули худаш китобҳояшро чоп кунад. Бигзор дигарон чоп кунанд, на муаллиф”, – изҳор дошт Зулфиқоров.

Темур Зулфиқоров чанде пеш 84-солагиашро ҷашн гирифт. Мусоҳибаи мо бо шоир дар ин хусус бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.