Интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон қариб 20% кам шуд

Байни кишварҳои ИДМ ҳаҷми бештари коҳиши интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Қазоқистону Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Тавре Бонки марказии Русия хабар медиҳад, дар муқоиса бо 3 моҳи аввали соли гузашта семоҳаи аввали имсол ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Қазоқистон 42,3% – то 60 млн доллар кам шудааст. Дар ин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Байни кишварҳои ИДМ ҳаҷми бештари коҳиши интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Қазоқистону Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Тавре Бонки марказии Русия хабар медиҳад, дар муқоиса бо 3 моҳи аввали соли гузашта семоҳаи аввали имсол ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Қазоқистон 42,3% – то 60 млн доллар кам шудааст.

Дар ин давра шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон 453 млн доллар пул фиристодаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи семоҳаи аввали соли 2019 ба миқдори 19,4% камтар мебошад.

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ дар семоҳаи аввали имсол ба сурати умум 8% – то 2,69 млрд доллар коҳиш ёфт.

Дар сегонаи аввали кишварҳо Арманистон қарор дошта, давоми се моҳи имсол аз Русия ба ин давлат 16,2% – то 181 млн доллар камтар маблағ ирсол шудааст.

Тӯли ин муддат интиқоли пул аз Русия ба Молдова ба миқдори 14,7% то 110 млн доллар, Қирғизистон – 9,2% то 494 млн доллар ва Беларус – 5,4% то 122 млн доллар коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, ин нишондиҳанда барои чанде аз кишварҳои ИДМ афзуд. Интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Озарбойҷон 6% – то 247 млн доллар, ба Украина 4% – то 262 млн доллар, ба Ӯзбекистон 0,4% то 756 млн доолар зиёд шуда, ба Туркманистон низ аз сатҳи сифри соли пешин то 1 млн доллар афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз кишварҳои ИДМ ба Русия баръакс, ба андозаи 4,6% то 497 млн доллар афзудааст. Коҳиши ҳаҷми интиқол аз ҷониби шахсони воқеӣ танҳо аз Тоҷикистон (66,7%) ва Қирғизистон ба қайд гирифта шуда, афзоиши интиқоли аз ҳама бештар аз Украина (38,4%) ва Туркманистон (33,3%) амалӣ шудааст.

Интиқоли маблағ дар як лаҳза бе комиссия ва бо қурби қулай тариқи asiaplus.intiqol.tj

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.