Роҳандозии Равзанаи ягона дар Тоҷикистон барои савдои байнулмилалӣ

Аз 1 сентябр дар Тоҷикистон низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ба кор медарояд. Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар таҳияи низом таҷрибаи ягон мамлакат истифода нашуда, таъминоти барномавии он комилан маҳсулоти миллӣ мебошад. Илова бар ин, таъкид мекунанд дар Хадамоти гумрук, чунин низом дар минтақаи Осиёи марказӣ нахустин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз 1 сентябр дар Тоҷикистон низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ба кор медарояд.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар таҳияи низом таҷрибаи ягон мамлакат истифода нашуда, таъминоти барномавии он комилан маҳсулоти миллӣ мебошад.

Илова бар ин, таъкид мекунанд дар Хадамоти гумрук, чунин низом дар минтақаи Осиёи марказӣ нахустин таҷрибаи гузаштан ба усули электронӣ дар самти тиҷорати беруна шуморида мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин низом зимни анҷоми расмиёти амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ гузаштани ҳуҷҷатгузорӣ аз коғазӣ ба электронӣ пешбинӣ шудааст. Низом ҷиҳати дар як макон дастрас кардани 22 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз 11 мақомоти давлатию ҷамъиятӣ имкон медиҳад.

Низоми мазкур аз ҷониби КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и назди Хадамоти гумрук идора карда мешавад.

Дар Консепсияи таъсиси “Равзанаи ягона” гуфта мешавад, дар ҷумҳурӣ низоми иҷозатномадиҳии давлатии душвору қисман такроршавандаи анҷоми расмиёти содиротиву воридотӣ амал мекунад. Иштирокчиёни савдои байнулмилалӣ барои риояи қонунгузории гумруки кишвар ба пешниҳоди шумори зиёди ҳуҷҷатҳои гуногун ва маълумот ба мақомоти давлатӣ уҳдадоранд.

Дар санад қайд мешавад, ки баъзан мақомоти давлатӣ қоида ва шартҳои худро пешниҳод мекунанд, ки ин ба зиёдшавии хароҷоти моддии корхонаву ширкатҳо боис гардида, дар ниҳояти кор оқибати он дар нархи баланди ниҳоии молу маҳсулот ва хизматрасониҳо таҷассум меёбад.

Барои соддагаронии расмиёти савдои хориҷӣ ва коҳиши хароҷоти корхонаву ширкатҳои машғул ба воридоту содироти молу маҳсулот тасмим гирифта шуд, ки механизми “Равзанаи ягона” ҷорӣ шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.