Омодагии Русия ҷиҳати таъмини ТАЛКО бо вагонҳо бо шартҳои имтиёзнок

Намояндагии савдои Русия дар Тоҷикистон ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) омодагӣ изҳор намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати саноат ва савдои ФР. Гуфта мешавад, дар вохӯрии намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков бо директори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ҶСК “ТАЛКО” Игор Сатторов масоили ҳамкории дуҷониба дар бахши саноат байни […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Намояндагии савдои Русия дар Тоҷикистон ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) омодагӣ изҳор намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати саноат ва савдои ФР.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков бо директори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ҶСК “ТАЛКО” Игор Сатторов масоили ҳамкории дуҷониба дар бахши саноат байни субъектҳои хоҷагидории Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо иштироки имконпазири Русияро дар амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ карданд.

Ғайр аз ин, таъкид мешавад дар хабар, дар доираи гуфтушунид масъалаи аз Русия ба Тоҷикистон иниқол додани вагонҳои боркаши инноватсионӣ барои “ТАЛКО” бо шартҳои маблағгузории имтиёзнок ба миён гузошта шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Евгений Коренков иштироки ҷониби Русияро дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимтарини сармоягузорӣ, ки ҷиҳати ба сатҳи нав баровардани ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ имкон медиҳанд, таъкид дошт.

Зимнан зикр шуд, ки Намояндагии савдои Русия дар Тоҷикистон ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҳама гуна иқдомҳо дар ин самт омода аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.