Суди Данғара сокини маҳаллиро барои таҷовуз ба номуси духтараш ба 25 соли зиндон маҳкум кард

Суди ноҳияи Данғара сокини маҳаллиро барои таҷовуз ба номуси духтари худаш ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Азизулло Абдуллоев тобистони соли 2017, вақти 16-сола будани духтараш ин амалро содир намудааст. “Ӯ шабона назди духтараш меояд, – қайд мешавад дар хабар. – Духтар муқовимат нишон дода, ба ёрӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Суди ноҳияи Данғара сокини маҳаллиро барои таҷовуз ба номуси духтари худаш ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Азизулло Абдуллоев тобистони соли 2017, вақти 16-сола будани духтараш ин амалро содир намудааст.

“Ӯ шабона назди духтараш меояд, – қайд мешавад дар хабар. – Духтар муқовимат нишон дода, ба ёрӣ даъват мекунад, лекин Абдуллоев бо болишт даҳони ӯро мепӯшонад, ки дар натиҷа духтар беҳуш мешавад”.

Дар бораи дигар ҷузъиёти ҳодиса, аз ҷумла сабаби танҳо ҳозир содир шудани ҳукм нисбати Абдуллоев маълумот дода намешавад.

Бо қарори суди ноҳияи Данғара, Азизулло Абдуллоев ба 25 соли зиндони низомаш сахт маҳкум карда шуд.

Далелҳои таҷовуз ба номус дар Тоҷикистон хеле кам ошкор карда мешаванд. Хешовандони ҷабрдидаҳо худашон ин далелҳоро пӯшониданӣ мешаванд. Танҳо шумори хеле кам аз ифшои чунин маълумот натарсида, ба судҳо муроҷиат мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.