“Сипар” – ғолиби қисмати аввали Лигаи футзали Тоҷикистон

Дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд, дар бозии хонагӣ бар тими “Муҳоҷир” бо ҳисоби 7:4 пирӯз шуда, як давр қабл аз анҷом ғолиби қисмати аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, дар 9 бозӣ дастаи шаҳри Хуҷанд 25 хол ба даст овард. Гуфта мешавад, дар баробари “Сипар” дастаи шаҳри […]

Дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд, дар бозии хонагӣ бар тими “Муҳоҷир” бо ҳисоби 7:4 пирӯз шуда, як давр қабл аз анҷом ғолиби қисмати аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, дар 9 бозӣ дастаи шаҳри Хуҷанд 25 хол ба даст овард.

Гуфта мешавад, дар баробари “Сипар” дастаи шаҳри Душанбе – “Соро компания” ба даври нимфинал роҳхат гирифт. Тими Душанбе дар даври нуҳум бар дастаи “Самандар”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 15:1 пирӯз шуд ва бо 22 хол дар ҷадвали мусобиқа ҷои дуюмро ишғол кард.

Ба иттилои манбаъ, дар бозии дигар “Истаравшан” дар шаҳри Кӯлоб дастаи маҳаллии “Равшан”-ро бо ҳисоби 11:7 мағлуб намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар даври ҷамъбастӣ 6 сентябр “Сипар” бо “Равшан”, “Муҳоҷир” бо “Самандар” ва “Истаравшан” бо “Соро компания” вомехӯранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.