Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии “Илм ва табиат” боз мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки оид ба таъсиси муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” корҳоро оғоз кунанд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон 28 август дар бораи тасдиқи оиннома ва сохтори шабакаи телевизионии нав, инчунин шумори воҳиди кории он қарор ба имзо расонид. Дар шабакаи нави телевизион 87 воҳиди корӣ ва ҳайати хизматрасонии техникӣ […]

Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки оид ба таъсиси муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” корҳоро оғоз кунанд.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон 28 август дар бораи тасдиқи оиннома ва сохтори шабакаи телевизионии нав, инчунин шумори воҳиди кории он қарор ба имзо расонид. Дар шабакаи нави телевизион 87 воҳиди корӣ ва ҳайати хизматрасонии техникӣ таъсис дода мешавад.

Кумитаи телевизиону радио ва Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ уҳдадор шуданд, ки дар муддати шаш моҳ масоили марбут ба таъмини шабака бо бино, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва дигар асбобу лавозимоти заруриро ҳаллу фасл намоянд.

Маблағгузорӣ ба шабакаи телевизионии “Илм ва табиат” аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсуси худи муассиса амалӣ мешавад.

Ба Вазорати молия супориш дода шудааст, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ маблағ барои пардохти хароҷот (музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ)-и 87 воҳиди кориро пешбинӣ намояд.

Дар оинномаи шабакаи телевизиони нав гуфта мешавад, шабакаи мазкур бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ 24 соат дар як шабонарӯз барнома пахш мекунад.

Бино ба маълумоти Кумитаи телевизиону радио, айни замон дар Тоҷикистон 13 шабакаи телевизиони давлатӣ ва 35 шабакаи телевизиони хусусӣ (12 ноқилӣ ва 2 ТВ IP) фаъолият мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон таъсиси боз як шабакаи нави давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.