“Сипар” – ғолиби қисмати аввали Лигаи футзали Тоҷикистон

Date:

Дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд, дар бозии хонагӣ бар тими “Муҳоҷир” бо ҳисоби 7:4 пирӯз шуда, як давр қабл аз анҷом ғолиби қисмати аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, дар 9 бозӣ дастаи шаҳри Хуҷанд 25 хол ба даст овард.

Гуфта мешавад, дар баробари “Сипар” дастаи шаҳри Душанбе – “Соро компания” ба даври нимфинал роҳхат гирифт. Тими Душанбе дар даври нуҳум бар дастаи “Самандар”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 15:1 пирӯз шуд ва бо 22 хол дар ҷадвали мусобиқа ҷои дуюмро ишғол кард.

Ба иттилои манбаъ, дар бозии дигар “Истаравшан” дар шаҳри Кӯлоб дастаи маҳаллии “Равшан”-ро бо ҳисоби 11:7 мағлуб намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар даври ҷамъбастӣ 6 сентябр “Сипар” бо “Равшан”, “Муҳоҷир” бо “Самандар” ва “Истаравшан” бо “Соро компания” вомехӯранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...