Беҳтарин кӯча, оила ва маҳаллаи Душанбе муайян карда шуд

Озмунҳои «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин»-и пойтахт бо қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ гузаронида мешавад. Комиссия озмун, ки ба ҳайати он намояндагони шаҳрдорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, вакилони маҷлиси шаҳр шомил буданд, натиҷаи озмунҳоро ҷамъбаст карда, ғолибонро эълон карданд. Мувофиқи шартҳои озмун, комиссия ободии кӯча, риояи қонуниятдар ҷойгиршавии зерсохтор дар онҳо, иштироки сокинони он дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Озмунҳои «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин»-и пойтахт бо қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ гузаронида мешавад.

Комиссия озмун, ки ба ҳайати он намояндагони шаҳрдорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, вакилони маҷлиси шаҳр шомил буданд, натиҷаи озмунҳоро ҷамъбаст карда, ғолибонро эълон карданд.

Мувофиқи шартҳои озмун, комиссия ободии кӯча, риояи қонуниятдар ҷойгиршавии зерсохтор дар онҳо, иштироки сокинони он дар корҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳоро омӯхт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдорӣ.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар номинатсияи “Оилаи беҳтарин” оилаи Зарргул Қурбонова (кӯчаи Қурбон Раҳимови ноҳияи Сино) ғолиб дониста шуда, оилаи Фирӯза Ҳиматова (кӯчаи Гастеллои ноҳияи Шоҳмансур) зинаи дуюм ва оилаи Абдуғаффор Ғаниев (кӯчаи Сайидои Насафии ноҳияи Фирдасӣ) – ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Дар номинатсияи "Маҳаллаи беҳтарин" ҷойи аввал ба маҳаллаи "Шоҳмансур-1"-и ноҳияи Шоҳмансур, ҷойи дуюм ба маҳаллаи  "Чортут"-и ноҳияи Сино ва ҷойи сеюм ба маҳаллаи "Шафақ"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муносиб дониста шуд.

Дар номинатсияи "Кӯчаи беҳтарин" ҷойи аввал ба хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҷойи дуюм ба кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ва зинаи сеюм ба кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ  сазовор дониста шуд.

Ба ғолибони озмун дар ҳар кадоме аз бахшҳо ифтихорнома ва ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд. Дар озмуни “Оилаи беҳтарин барои ҷойҳои 2 ва 3-юм 6 ва 4 ҳазор сомонӣ ва зинаҳои дуюму сеюм дар дигар номинатсияҳо ба ҳар кадоме мутаносибан бо 4 ва 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.