Барои таъмини аҳолӣ интиқоли газ аз Ӯзбекистон зиёд мешавад

Ширкати тақсимоти гази Тоҷикистон имкони таъмини аҳолиро бо гази табиӣ, ки аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ворид мешавад, баррасӣ дорад. “Дар навбати аввал давра ба давра ба лӯлаи газ пайваст кардани сокинони пойтахт ва шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкат. Қаблан дар ҶСК “Душанбегаз” зикр карда буданд, ки базе […]

Ширкати тақсимоти гази Тоҷикистон имкони таъмини аҳолиро бо гази табиӣ, ки аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ворид мешавад, баррасӣ дорад.

“Дар навбати аввал давра ба давра ба лӯлаи газ пайваст кардани сокинони пойтахт ва шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкат.

Қаблан дар ҶСК “Душанбегаз” зикр карда буданд, ки базе хонаҳои пойтахт, ки дар паҳлӯи шоҳқубури интиқоли газ ҷойгиранд, ба гази табиӣ аз Ӯзбекистон дастрасӣ доранд.

“Гап сари он аст, ки барои пайваст кардани ин хонаҳо хароҷоти зиёд лозим набуд”, – гуфтанд дар ширкат.

Манбаъ зикр кард, ки айни замон корҳои барқарорсозии зерсохтори тайи даҳсолаҳо кӯҳнаву фарсудашуда ҷараён дошта, баъди анҷоми он гази табиӣ ба дигар истеъмолгарон низ дастрас мешавад.

Дар ширкат илова намуданд, ки даҳсолаи охир хонаҳои Душанбе бо газ таъмин набуданд ва бо назардошти масъалаи бехатарӣ, навсозии зерсохтор хароҷоти зиёд талаб мекунад.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш ҶСП “Сомон-Суғдгаз”, ки ба таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои минтақаи шимоли кишвар бо гази табиӣ машғул аст, хабар дод, ки анҷоми корҳои барқарорсозии зерсохторро онҳо то охири ҳамин сол ба нақша гирифта, пас аз ин аҳолии шаҳри Хуҷанд, инчунин дигар шаҳру навоҳии вилоят ин навъи сӯзишворӣ гирифта метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон пас аз таваққуфи шашсола моҳи апрели соли 2018 дубора аз сар гирифта шуд.

Дар муқоиса бо соли 2018 соли 2019 интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 2,6 баробар – аз 66 млн метри мукааб (ба маблағи 6,9 млн доллар) то 140 млн метри мукааб (ба маблағи 17,7 млн дллар) афзуд.

Истеъмолгари асосии гази Ӯзбекистон Ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” мебошад. Ҳамчунин бо ин навъи сӯзишвории ҳамсоякишвар чанде аз корхонаҳои дигар, аз ҷумла, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе низ таъмин мешаванд.

Тибқи маълумоти Вазорати энергеикаи Ӯзбекистон, тӯли 8 моҳи соли 2020 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 139,5 млн метри мукааб газ гирифтааст.

Мувофиқи қарордодаи имзошуда, то охири соли ҷорӣ интиқоли 200 млн метри мукааб гази табиӣ ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки баргузории он рӯзҳои 28-29 сентябр дар Душанбе пешбинӣ мешавад, баррасии масъалаи ҳаҷм ва нархи интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя низ ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.