Ба Академияи футболи Тоҷикистон мақоми баргузида дода шуд

Ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мақоми узви комилҳуқуқи рушди барномаи баргузида (элитӣ)-и наврасони Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ва ба Академияи футболи ФФТ мақоми баргузидаи “ду ситора” дода шуд. Конфедератсияи футболи Осиё бо мактуби расмӣ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин хусус огоҳинома фиристодааст. Барои соҳиб шудан ба мақоми узви комилҳуқуқи барномаи баргузидаи ҷавонон, ба федератсияҳои […]

Ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мақоми узви комилҳуқуқи рушди барномаи баргузида (элитӣ)-и наврасони Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ва ба Академияи футболи ФФТ мақоми баргузидаи “ду ситора” дода шуд.

Конфедератсияи футболи Осиё бо мактуби расмӣ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин хусус огоҳинома фиристодааст.

Барои соҳиб шудан ба мақоми узви комилҳуқуқи барномаи баргузидаи ҷавонон, ба федератсияҳои миллӣ аз рӯйи 20 нишондиҳанда баҳо дода мешавад.

Тавре маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, Комиссияи КФО ба кори раҳбарият, тарҳрезӣ ва ташкили кор, таъмини ҳайати корӣ, интихоб, қисмати молиявӣ ва таҷҳизот, даста, тамрину бозиҳо, ҳунарнамоии бозигарон, вазъи солимии онҳо, таълим, натиҷаҳо ва ғайра баҳо медиҳад.

Гуфта мешавад, ташкилоти миллӣ ҳадди ақал бояд ба 11 нишониҳандаи аввал ҷавобгӯ бошад.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз танҳо Академияи «Aspire»-и Қатар ба мақоми “се ситора” ноил дониста шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.