Тоҷикистон интиқоли газро аз Ӯзбекистон боз ҳам афзуданист

Тоҷикистон имсол интиқоли гази табииро аз Ӯзбекистон ба сеяки ҳаҷми қаблӣ зиёд карданист. Зимни нишасти матбуотии рӯзи 27-уми январ дар Душанбе муовини аввали раиси ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Шавкат Шоимзода хабар дод, ки айни замон бо ҷониби Ӯзбекистон оид ба имзои қарордод дар бораи ҳаҷми интиқоли гази ҳамсоякишвар ба Тоҷикистон дар соли 2020 гуфтушунидҳо ҷараён доранд. Вай афзуд, ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон имсол интиқоли гази табииро аз Ӯзбекистон ба сеяки ҳаҷми қаблӣ зиёд карданист.

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 27-уми январ дар Душанбе муовини аввали раиси ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Шавкат Шоимзода хабар дод, ки айни замон бо ҷониби Ӯзбекистон оид ба имзои қарордод дар бораи ҳаҷми интиқоли гази ҳамсоякишвар ба Тоҷикистон дар соли 2020 гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Вай афзуд, ба нақша гирифта шудааст, ки дар бораи интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 200 млн. метри мукааб қарордод баста шавад.

Ба гуфтаи Шоимзода, соли гузашта аз Ӯзбекистон ба маблағи умумии 17,7 млн. доллар 140 млн. метри мукааб гази табиӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар муқоиса бо соли 2018 ҳаҷми интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ аз 55 млн. метри мукааб (ба маблағи 6,9 млн. доллар) 2,6 баробар афзуд.

Шоимзода қайд кард, ки истеъмолгари асосии гази Ӯзбекистон Ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” мебошад.

Ҳамчунин бо ин навъи сӯзишвории ҳамсоякишвар чанде аз корхонаҳои дигар, аз ҷумла, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе низ таъмин мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2018 пас аз танаффуси шашсола дубора барқарор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.