Истифодаи технологияи муосир дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ

Дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон имсол аз се усул — Интернет-пурсиш, пурсиш бо истифода аз планшет ва усули анъанавӣ (коғазӣ) истифода мешавад. Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз 1 то 15 октябри соли равон гузаронида мешавад. “Яъне зимни гаштан хона ба хона […]

Дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон имсол аз се усул — Интернет-пурсиш, пурсиш бо истифода аз планшет ва усули анъанавӣ (коғазӣ) истифода мешавад.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз 1 то 15 октябри соли равон гузаронида мешавад.

“Яъне зимни гаштан хона ба хона барӯйхатгирандагон дар баробари истифодаи шакли коғазӣ, паланшетҳоро бо таъминоти махсуси барномавӣ низ истифода хоҳанд кард. Ҳамчунин гирифтани маълумоти зарурӣ тариқи интернет дар назар аст”, – хабар медиҳад Агентӣ.

Агентӣ аз вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳо дархост намудааст, ки  ҷиҳати баруйхатгирӣ тавассути Интернет гузаштани кормандон мусоидат намоянд.

“Дар ҳар як вазорату идора ҳуҷраи махсус – терминал бо дастрасӣ ба Интернет таъсис додан лозим аст. Дар ин ҷода кормандони мақомоти омори давлатӣ омода ҳастанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар вазорату идораҳо ба роҳ монанд”, – омадааст дар хабар.

Маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон бори охир соли 2010 доир гардид. То тирамоҳи соли 2010 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 565 ҳазор нафарро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2000-ум 1 млн. 438 ҳазор нафар бештар аст.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, аввали соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 9 млн 452 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд.

Дар назар аст, ки  аввали соли оянда шумори аҳолии доимии ҷумҳурӣ ба 9 млн 688 ҳазор нафар мерасад. Афзоиши шумори аҳолӣ 2,5%-ро ташкил хоҳад дод, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар ҷаҳон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...