“Соро компания” ба Ҷоми футзали Тоҷикистон соҳиб шуд

Дастаи футзали “Соро компания”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар бозии финалӣ, ки 12 сентябр дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, футболбозони пойтахт дастаи “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 8:4 мағлуб намуданд. Гуфта мешавад, дар ҳайати “Соро компания” Некрӯз Алимаҳмадов 3 гол, Вахтанг […]

Asia-Plus

Дастаи футзали “Соро компания”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар бозии финалӣ, ки 12 сентябр дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, футболбозони пойтахт дастаи “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 8:4 мағлуб намуданд.

Гуфта мешавад, дар ҳайати “Соро компания” Некрӯз Алимаҳмадов 3 гол, Вахтанг Кекелия ду гол, Муҳаммад Шарипов, Сиёвуш Қаюмов, Насим Шарипов якголӣ заданд. Дар ҳайати “Равшан” Иброҳим Мирзоев се тӯб, Умеди Ҳусайн як тӯбро вориди дарвозаи “Соро компания” карданд.

Ба иттилои манбаъ, капитани “Соро компания” Некрӯз Алимаҳмадов беҳтарин бозингари вохурии финалии Ҷоми Тоҷикистон эътироф шуд.

Дар маросими тақдими ҷоизаҳо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва директори генералии Лигаи футзали Тоҷикистон Комрон Шодиев ширкат варзида, ба бозигарони дастаи ғолиб ва иштирокчии бозии финалӣ медалу дипломҳо супурданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.