Сабти номзадии раиси Ҳизби демократ ба мансаби президентӣ рад шуд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бақайдгирии номзад ба мансаби президентӣ дар интихобот аз Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзодаро рад кард. Худи Усмонзода ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки ният надорад, ки аз болои ин қарор даъво пеш оварад, “зеро баҳсҳо сари ин масъала имрӯз бефоида аст”. КМИР Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои барои сабт пешниҳодшудаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бақайдгирии номзад ба мансаби президентӣ дар интихобот аз Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзодаро рад кард.

Худи Усмонзода ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки ният надорад, ки аз болои ин қарор даъво пеш оварад, “зеро баҳсҳо сари ин масъала имрӯз бефоида аст”.

КМИР Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои барои сабт пешниҳодшудаи Саидҷаъфар Усмонзодаро рӯзи 14 сентябр дар ҷаласа баррасӣ намуд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, номзадҳо ба мансаби президентӣ барои сабтином дар КМИР, ба ҷонибдории худ бояд на камтар аз 5% аз шумори умумии интихобкунандагон имзо ҷамъоварӣ кунанд.

Тибқи маълумоти КМИР, номзад аз Ҳизби демократ шумори зарурии имзоҳоро ба ҷонибдории худ ҷамъоварӣ карда натавонистааст. Дар маъракаи интихоботи президентии кунунӣ 5%-и имзои интихобкунандагон 245 ҳазору 100 нафар аст.

Қобили зикр аст, ки номзади худпешбаришуда, адвокати ҷавон аз Хоруғ Фаромӯз Иргашов низ бо ҳамин сабаб сабтином нашуд.

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон рӯзи 13 сентябр 5 номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр расман ба қайд гирифта шуданд.

Номзадҳо ба мансаби президентӣ дар интихоботи рӯзи 11 октябр президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пешвоёни Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода, Ҳизби сотсиалистӣ – Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби коммунист – Мироҷ Абдуллоев ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – Рустам Раҳматзода расман сабтином шуданд.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.