Анҷоми маъмурияти роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) Алберто Корреа Мендесро бино бар поён ёфтани фаъолияташ ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва WFP, аз ҷумла татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ-2), таъмини амнияти озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) Алберто Корреа Мендесро бино бар поён ёфтани фаъолияташ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва WFP, аз ҷумла татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ-2), таъмини амнияти озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани сатҳи хавфи офатҳои табииро баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми мулоқот, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Алберто Корреа Мендес барои фаъолияташ дар кишвар изҳори сипос намуда,  дар фаъолияти минбаъдаи ӯ муваффақият таманно кард.

Қобили зикр аст, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ аз соли 1993 дар Тоҷикистон фаъолият дошта, лоиҳаҳоро дар самти баланд бардоштаниустуворӣ, идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ месозад. Соли 2019 Барнома дар доираи лоиҳаҳо оид ба устуворӣ нисбат ҳолатҳои фавқулода ба наздики 30 ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ кумак кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.