Маъракаи интихоботи президентиро дар Тоҷикистон нозирони ИДМ пайгирӣ мекунанд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар пайгирӣ (мониторинг) ва омодагӣ ба баргузории интихоботи президенти ҷумҳурӣ нозирони байнулмилалиро аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ (АБП ИДМ) даъват кард. Тавре хадамоти матбуоти АБП ИДМ хабар медиҳад, ояндаи наздик ҳайати гурӯҳи пайгирӣ аз ҳисоби намояндагони парлумони кишварҳои АБП ИДМ, кормандони Котиботи Шӯрои АБП ИДМ ва коршиносон муайян карда мешавад, […]

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар пайгирӣ (мониторинг) ва омодагӣ ба баргузории интихоботи президенти ҷумҳурӣ нозирони байнулмилалиро аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ (АБП ИДМ) даъват кард.

Тавре хадамоти матбуоти АБП ИДМ хабар медиҳад, ояндаи наздик ҳайати гурӯҳи пайгирӣ аз ҳисоби намояндагони парлумони кишварҳои АБП ИДМ, кормандони Котиботи Шӯрои АБП ИДМ ва коршиносон муайян карда мешавад, ки интихоботро назорат мекунанд.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр баргузор мешавад. КМИР 5 номзадро ба қайд гирифт: Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва ҲХДТ, Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунист номзад пешбарӣ шуданд.

Номзадҳо ба мансаби президентӣ 15 сентябр ба баргузории маъракаи таблиғотӣ шурӯъ намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.