Ҳукумат доир ба хароҷот дар соҳаи тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ҳисобот медиҳад

Ҳукумати Тоҷикистон уҳдадор шуд, ки ҳар семоҳа ҳисобот дар бораи хароҷот ба соҳаи тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии марбут ба пандемияи коронавирусро нашр кунад, хабар дод роҳбари ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Падамжа Ханделвал аз рӯйи натиҷаҳои сафари дуҳафтаина ба ҷумҳурӣ. Ӯ қайд кард, ки дар буҷети бозбинишуда барои соли 2020 дар моҳи июн […]

Ҳукумати Тоҷикистон уҳдадор шуд, ки ҳар семоҳа ҳисобот дар бораи хароҷот ба соҳаи тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии марбут ба пандемияи коронавирусро нашр кунад, хабар дод роҳбари ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Падамжа Ханделвал аз рӯйи натиҷаҳои сафари дуҳафтаина ба ҷумҳурӣ.

Ӯ қайд кард, ки дар буҷети бозбинишуда барои соли 2020 дар моҳи июн бо камшавии хароҷот ба самтҳои нисбатан камтари афзалиятнок барои соҳаи тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоӣ маблағгузории зиёдтар пешбинӣ шудааст.

Намояндаи ХБА изҳор доштааст, ки барномаи кумаки унвонии иҷтимоӣ бо дастгири шарикони байнулмилалӣ дар саросари кишвар васеътар карда шуд. Ӯҳамчунин пардохтҳои якдафъаинаи мавҷудаи иҷтимоиро ба хонаводаҳои осебпазир қайд кард.

Қобили зикр аст, ки Хазинаи байнулмилалии асъор аввали моҳи май ба Тоҷикистон ҷудо шудани 189,5 млн долларро тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда тасдиқ кард. Он ба қонеъ сохтани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи коронавирус равона мешавад. Ин қарзи бефоиз ба муҳлати 10 сол бо 5 сол давраи имтиёзнок мебошад.

Дар Вазорати молия қайд мекунанд, ки маблағҳои дастрасшуда пеш аз ҳама барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат равона мегарданд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои музокироти виртуалӣ ХБА ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки ду бонки мушкилдори кишвар – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро барҳам диҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.