“Тоҷикфилм”: наворбардории филми COVID -19-ро оғоз мекунад

Дар Тоҷикистон сенарияи филми марбут ба бемории коронавируси COVID -19, ки қарор аст аз сӯйи муассисаи “Тоҷикфилм” филмбардорӣ шавад, омода шудааст. Дар ин бора мудири муассисаи “Тоҷикфилм”  Маҳмадсаид Шоҳиён дар суҳбат бо Asia-Plus изҳори назар кард. Шоҳиён гуфт, ки сенарияи филм дар ҳоли ба поён расидан аст ва рӯзҳои наздик филмбардории он оғоз мешавад. “Ҳоло […]

Дар Тоҷикистон сенарияи филми марбут ба бемории коронавируси COVID -19, ки қарор аст аз сӯйи муассисаи “Тоҷикфилм” филмбардорӣ шавад, омода шудааст. Дар ин бора мудири муассисаи “Тоҷикфилм”  Маҳмадсаид Шоҳиён дар суҳбат бо Asia-Plus изҳори назар кард.

Шоҳиён гуфт, ки сенарияи филм дар ҳоли ба поён расидан аст ва рӯзҳои наздик филмбардории он оғоз мешавад.

“Ҳоло синопсис ё хулосаи достони филм омода аст ва дар назар аст давомнокии он 1 соату 20 дақиқа шавад. Коргардони филм Зайналобиддин Назаров, рӯзҳои наздик шакли ниҳоии сенарияро ба мо пешниҳод мекунад”, – гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки хабари дар бораи COVID -19 таҳия шудани филмро Маҳмадсаид Шоҳиён моҳи июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфта буд.

Ҳарчанд Маҳмадсаид Шоҳиён гуфт, ки ин филм дар тамоми минтақаҳои кишвар филмбардорӣ мешавад, вале аз гуфтани ҳаҷми умуми маблағе, ки барои он масраф мешавад худдорӣ кард. Зеро ба назари вай ҳаҷми маблағ аз қаҳрамонҳо, иншоот ва дигар ҷузъиёти филм вобаста аст. Ба гуфтаи мудири “Тоҷикфилм” дар ин филм ҳамчунин матолиби кишварҳои дигар ҳам истифода хоҳанд шуд, зеро ин як мушкили ҷаҳонӣ аст.

Шоҳиён мегӯяд дар филм нишон дода мешавад, ки чӣ гуна коронавирус ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон зарбаи ҷиддӣ задааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.