Тоҷикистон дар рӯихати кишварҳое, ки доруи Covid-19 Русияро мехаранд, нест

Ӯзбекистон нахустин кишваре шуд, ки доруи зидди коронавируси “Авифавир”, истеҳсоли Русия вориди дорухонаҳояш шуд. Ҳамчунин қарор аст дар наздиктарин фурсат то 35 миллион воя воксани “Спутник V" ба ин кишвар ворид карда шавад. Бино ба иттилои podrobno.uz доруи “Авифавир" инчунин ба кишварҳои Белорус, Боливия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон низ интиқол гардидааст. Ҳамзамон Фонди сармоягузории мустақими Русия ва “Химрар” […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ӯзбекистон нахустин кишваре шуд, ки доруи зидди коронавируси “Авифавир”, истеҳсоли Русия вориди дорухонаҳояш шуд. Ҳамчунин қарор аст дар наздиктарин фурсат то 35 миллион воя воксани “Спутник V" ба ин кишвар ворид карда шавад.

Бино ба иттилои podrobno.uz доруи “Авифавир" инчунин ба кишварҳои Белорус, Боливия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон низ интиқол гардидааст.

Ҳамзамон Фонди сармоягузории мустақими Русия ва “Химрар” тасмим гирифтанд, ки доруи зидди коронавирус "Авифавир" ба 17 кишвари дигар низ интиқол дода шавад.

Тибқи маълумот, ин доруи зидди Covid-19 ба Аргентина, Булғористон, Бразилия, Чили, Колумбия, Эквадор, Салвадор, Гондурас, Кувайт, Панама, Парагвай, Арабистони Саудӣ, Сербия, Словакия, Африқои Ҷанубӣ, АМА ва Уругвай низ ворид карда мешаванд.

Тоҷикистон дар рӯихати кишварҳое, ки доруи зидди короновирус аз Русия ба даст меоранд набуда, инчунин то ҳол барои дарёфти воксини зиди бемории коронавирус ба Русия дархост нафиристодааст.

Дар дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ чанд рӯз пеш ба "Азия-Плюс" гуфта буданд, ки воксини Русия то ба ҳол ҳамаи марҳилаҳои озмоишҳои клиникиро нагузаштааст. Тоҷикистон танҳо баъди гузаштани ин марҳилаҳо бо ҷониби Русия барои дарёфти ин воксин вориди гуфтугӯ мешавад.

“Тавре шумо медонед, ваксинаи Русия аз тамоми марҳилаҳои озмоишҳои клиникӣ нагузаштааст. Вақте ки ҳамаи марҳилаҳоро мегузаранд ва самаранокии ваксина исбот мешавад, мо гуфтушунидҳо оид ба харидориро оғоз мекунем. Дар ҳоли ҳозир, ин масъала баррасӣ намешавад”, – гуфт масъули дафтари матбуоти вазорат.

Ёдрас мешавем, ки моҳи майи соли 2020, “Авифавир” шаҳодатномаи бақайдгирии Вазорати тандурустии Русияро гирифт ва аввалин доруи дар ҷаҳон тавлидшуда барои табобати COVID-19 гардид. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.