Тоҷикистон ҳанӯз тасмим нагирифтаст, ки воксини Русияро мехарад ё не

Тоҷикистон то ҳол барои ба дарёфти воксини зиди бемории коронавирус ба Русия дархост нафиристодааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ хабар доданд. Ин дар ҳолест, ки 13-сентябр Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ гуфта буд, ки як рӯз баъд барои дарёфти ин воксин ба ҷониби Русия дархост медиҳанд. Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ мегӯяд, […]

Asia-Plus

Тоҷикистон то ҳол барои ба дарёфти воксини зиди бемории коронавирус ба Русия дархост нафиристодааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ хабар доданд. Ин дар ҳолест, ки 13-сентябр Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ гуфта буд, ки як рӯз баъд барои дарёфти ин воксин ба ҷониби Русия дархост медиҳанд.

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ мегӯяд, воксини Русия то ба ҳол ҳамаи марҳилаҳои озмоишҳои клиникиро нагузаштааст. Тоҷикистон танҳо баъди гузаштани ин марҳилаҳо бо ҷониби Русия барои дарёфти ин воксин вориди гуфтугӯ мешавад.

“Тавре шумо медонед, ваксинаи Русия аз тамоми марҳилаҳои озмоишҳои клиникӣ нагузаштааст. Вақте ки ҳамаи марҳилаҳоро мегузаранд ва самаранокии ваксина исбот мешавад, мо гуфтушунидҳо оид ба харидориро оғоз мекунем. Дар ҳоли ҳозир, ин масъала баррасӣ намешавад”, – гуфт масъули дафтари матбуоти вазорат.

13 август яке аз масъулони Хадамоти санитарию эпидемологӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки тасмим доранд барои дарёфти ин воксин дархост диҳанд.

«Мо умедворем, ки бо кӯмаки ҳукумат ва шарикони рушд ваксинае, ки Русия бар зидди коронавирус таҳия кардааст ба даст орем. Барои ин, зарур аст, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ таъсис дода, гурӯҳи одамони осебпазирро муайян кунад, ки пеш аз ҳама ба эмгузаронӣ ниёз дошта бошанд», – гуфта буд манбаъ.

Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ низ хабар дода буд, ки қарор аст, пеш аз ҳама, нафароне, ки беморони диабети қанд, диққи нафас, табибон ва марзбонон, ки дар посгоҳҳо навбатдорӣ мекунанд, бо воксини Русия алайҳи коронавирус воксингузаронӣ мешаванд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.