Ифтитоҳи мактаб дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ӯзбекистон сохта шуд

Дар маросими ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода ва вазири маорифи халқи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов иштирок карданд. Мактаб барои таҳсили 640 нафар хонандагон пешбинӣ гардида, аз ҳисоби буҷети давлатии кишвари ҳамсоя сохта ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Созишнома дар бораи сохтмони ин иншоот зимни […]

Asia-Plus

Дар маросими ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода ва вазири маорифи халқи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов иштирок карданд.

Мактаб барои таҳсили 640 нафар хонандагон пешбинӣ гардида, аз ҳисоби буҷети давлатии кишвари ҳамсоя сохта ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Созишнома дар бораи сохтмони ин иншоот зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ба имзо расида буд.

Мактаб бо таҷҳизоти муосири техникӣ мутобиқи меъёрҳои навтарини таълим дар мактаб муҷаҳҳаз буда, инчунин ороишоти ғайриодӣ дорад.

Он бояд ҳанӯз 25 март – рӯзҳои ҷашни Наврӯз боз мегардид, лекин бар асари пандемияи коронавирус ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст