“Регар-ТадАЗ” соли оянда дар Лигаи якум бозӣ мекунад

Бозиҳои даври 15-уми мавқуфгузошта байни дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расиданд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, як давр пеш аз итмоми мусобиқаи 29-уми чемпионати Лигаи олии футболи мамлакат қаҳрамони 7-каратаи футболи Тоҷикистон – дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ҳамаи имкони дар Лигаи олии футбол боқӣ монданро аз даст дода, дар мавсими соли оянда […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бозиҳои даври 15-уми мавқуфгузошта байни дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расиданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, як давр пеш аз итмоми мусобиқаи 29-уми чемпионати Лигаи олии футболи мамлакат қаҳрамони 7-каратаи футболи Тоҷикистон – дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ҳамаи имкони дар Лигаи олии футбол боқӣ монданро аз даст дода, дар мавсими соли оянда дар Лигаи якум бозӣ мекунад, ки дар таърихи даста бори аввал аст.

Баъди ғалаба дар майдони худ бар дастаи “Файзқанд” (5:2) тими “Истаравшан” сарфи назар аз натиҷаи вохӯрии даври охир, дар Лигаи олӣ боқӣ мемонад.

Боз як дастаи дигаре, ки ҳамроҳи “Регар-ТадАЗ” бояд имсол Лигаи олиро тарк кунад, дар даври охир – дар бозии “Файзқанд”-и Восеъ ва “Локомотив-Помир”-и Душанбе маълум мешавад. Барои боқӣ мондан дар Лигаи олӣ натиҷаи мусовӣ барои “Файзқанд” басанда буда, лекин душанбегиҳо танҳо дар сурати ғалабаашон дар Лигаи олӣ боқӣ мемонанд.

Дорандаи медалҳои биринҷии мавсими футболи 2020 дар Лигаи олӣ низ дар даври охир, ки рӯзи якшанбе, 4 октябр доир мегардад, муайян мешавад. Се даста – КМВА (ССКА), “Кӯктош” ва “Хатлон” ба дарёфти медалҳои биринҷӣ довталабӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки медалҳои тилло ва нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистонро дар мавсим имсола пеш аз муҳлат дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба даст оварданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.