Зани 34-сола дар Душанбе таксии бе назорат истодаро рабуд

Date:

Кормандони милитсияи пойтахт занеро боздошт намуданд, ки таксиро рабуд. Тавре ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ӯ каме дуртар аз ҷойи ҳай карда будани такси боздошт шуд.

Гуфта мешавад, зани 34-солаи муваққатан шаҳри сокини Душанбе бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил дастгир карда шуд.

“Номбурда шаби 8 ба 9-уми октябр, тахминан соати 03:30-дақиқа автомашинаи мусофиркаши тамғаи «Хонда Элантра»-ро, ки ба марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад ҳай карда бурдааст”, -омадааст дар хабари ВКД.

Ба иттилои манбаъ, автомашина дар пеши нуқтаи фурӯши «Тезтайёр», воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев беназорат меистодааст.

“Зан дар назди мағозаи «Гулистон» каме дуртар аз ҷойи ҳай карда бурдани автомашина аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд”, – қайд мешавад дар маълумоти Вазорат.

Дар бораи бо кадом сабабҳо ба ин амал даст задани зан маълумот дода нашуда, зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...