Зани 34-сола дар Душанбе таксии бе назорат истодаро рабуд

Кормандони милитсияи пойтахт занеро боздошт намуданд, ки таксиро рабуд. Тавре ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ӯ каме дуртар аз ҷойи ҳай карда будани такси боздошт шуд. Гуфта мешавад, зани 34-солаи муваққатан шаҳри сокини Душанбе бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил дастгир карда шуд. “Номбурда шаби 8 ба 9-уми октябр, тахминан соати 03:30-дақиқа автомашинаи мусофиркаши тамғаи […]

Кормандони милитсияи пойтахт занеро боздошт намуданд, ки таксиро рабуд. Тавре ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ӯ каме дуртар аз ҷойи ҳай карда будани такси боздошт шуд.

Гуфта мешавад, зани 34-солаи муваққатан шаҳри сокини Душанбе бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил дастгир карда шуд.

“Номбурда шаби 8 ба 9-уми октябр, тахминан соати 03:30-дақиқа автомашинаи мусофиркаши тамғаи «Хонда Элантра»-ро, ки ба марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад ҳай карда бурдааст”, -омадааст дар хабари ВКД.

Ба иттилои манбаъ, автомашина дар пеши нуқтаи фурӯши «Тезтайёр», воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев беназорат меистодааст.

“Зан дар назди мағозаи «Гулистон» каме дуртар аз ҷойи ҳай карда бурдани автомашина аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд”, – қайд мешавад дар маълумоти Вазорат.

Дар бораи бо кадом сабабҳо ба ин амал даст задани зан маълумот дода нашуда, зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.