Тоҷикистониён тариқи кишварҳои сеюм ба Русия рафта метавонанд?

Ахиран шумори зиёди тоҷикистониён бо ҳар гуна роҳу воситаҳо ба Русия рафтан мехоҳанд. Пас аз ифтитоҳи хатсайрҳои мунтазам ба АМА ва Туркия шаҳрвандон мехоҳанд бифаҳманд, ки оё тариқи транзит бо ин кишварҳо метавон ба Русия рафт? Дар сафорати Русия дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор доштанд, ки на ҳама шаҳрвандон бо ин васила […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ахиран шумори зиёди тоҷикистониён бо ҳар гуна роҳу воситаҳо ба Русия рафтан мехоҳанд. Пас аз ифтитоҳи хатсайрҳои мунтазам ба АМА ва Туркия шаҳрвандон мехоҳанд бифаҳманд, ки оё тариқи транзит бо ин кишварҳо метавон ба Русия рафт?

Дар сафорати Русия дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор доштанд, ки на ҳама шаҳрвандон бо ин васила ба Русия сафар карда метавонанд.

“Бо ин восита танҳо он шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия рафта метавонанд, ки тибқи қарори ҳукумати ФР аз 16 марти соли 2020 (№635-р) барои вуруд ба кишвари мо асос доранд”, – гуфтанд дар намояндагии дипломатӣ. – Аз ҷумла, шахсони дорои Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия, иштирокчиёни барномаи кӯчондани ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳамсару волидон ва фарзандони русиягиҳо ҳуқуқ доранд, ки ба қаламрави Русия ворид шаванд”.

Дар сафорат қайд карданд, ки “боисрор ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки пешакӣ имкони парвозро бевосита аз намояндагони ширкатҳои мусофиркаш тасдиқ намяонд, зеро онҳо ба мусофирони транзитӣ талаботи иловагии бештар шадид пешниҳод карда метавонанд”.

“Имкони ташкили хатсайрҳои мустақими чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия ҷиҳати баровардани русиягиҳо айни замон бо назардошти вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ дар ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад”, – гуфтанд дар сафорат.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки ҳозир шаҳрвандони Русия, ки ба бозгашти таъҷилӣ аз Тоҷикистон ба Русия ниёз доранд, ҳамчунин метавонанд аз хатсайрҳо тариқи Дубай (АМА) ва Истанбул (Туркия) истифода баранд.

“Маълумот дар бораи талабот ба парвозро бевосита дар ширкатҳои ҳавопаймоии марбута муайян кардан лозим аст”, – илова карданд дар намояндагии дипломатӣ.

Кадоме аз шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия ворид шуда метавонад?

Имрӯз сарҳадҳои Русия то ҳол баста буда, лекин баъзе категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба ин кишвар ворид шуда метавонанд.

Мувофиқи қоидаҳои дахлдори мавҷуда шаҳрвандони Туркия, Британияи Кабир, АМА, Миср, Ҷумҳурии Малдив, Швейтсария, Танзания, Абхозистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус ба қаламрави Русия ворид шуда метавонанд.

Ғайр аз ин, сарҳади Русия барои хориҷиёне, ки бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқшуда аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия барои муолиҷа ба ин ҷо меоянд, инчунин хориҷиёне, ки бо пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои нигоҳубини хешовандони беморашон ба ин кишвар ворид мешаванд, кушода аст.

Сарҳадро ҳамчунин кормандони намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ дар Русия ва аъзои оилаи онҳо убур карда метавонанд.

Ҳамчунин ронандагони автомобилҳои боркаши алоқаи байнулмилалӣ, ҳайатҳои сарнишинони нақлиёти ҳавоӣ, баҳрӣ ва дарёӣ, қатораҳои алоқаи байнулмилалӣ, кормандони алоқаи фелдъегерӣ (расонидани ҳуҷҷатҳои муҳим)  ва аъзои ҳайатҳои расмӣ низ метавонанд ба Русия сафар кунанд.

Ҳамчунин боз ба шахсони зерин низ иҷозаи сафар ба Русия дода мешавад:

– дорандагони раводиди дипломатӣ ё хусусӣ, ки дар робита ба марги хешованд ё бо қарори Вазорати умурии хориҷии Русия дода шудааст;

– хатрасон (боррасон, курйер)-и робита дипломатӣ;

– шахсоне, ки дар қаламрави Русия иқомати доимӣ доранд, инчунин шахсоне, ки бидуни берун рафтан аз минтақаи транзит тариқи транзит бо фурудгоҳҳои Русия сафар мекунанд;

– мутахассисоне, ки бо таҷҳизоти дар рӯйхати ташкилотҳо зикршуда ва ба Хадамоти федералии амният ва ВКД Русия фиристодашуда кор мекунанд;

– мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ё тибқи мувофиқа ва ғайра.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.