Бозии финалии Parimatch – Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 дар Ҳисор баргузор мешавад

Date:

Бозии финалии Parimatch – Ҷоми Тоҷикистон-2020, ки дар он ду намояндаи вилояти Хатлон – “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар бо ҳам рақобат мекунанд, рӯзи якшанбе, 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозӣ соати 14:00 оғоз гардида, бе ҳузури тамошобинон доир мегарад.

То ба даври финалӣ расидан “Равшан” дастаҳои “Ҳулбук” (3:2), “Панҷшер” (3:2) ва “Истиқлол” (4:2)-ро шикаст дода, Хатлон дар вохӯриҳо бо “Файзканд” (2:1), “Эсхата” (1:0) ва “Истаравшан” (2:0) дастболо шуд.

Қаблан “Равшан” (соли 2003 даста “Олимп-Ансол” ном дошт) се маротиба ба даври финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон роҳ ёфта, танҳо як маротиба – соли 1994 тими “Шодмон”-и Ҳисорро (2:1) шикаст дода, ба дарёфи Ҷом шарафёб гадид.

“Хатлон” (қаблан даста “Вахш” ном дошт) чор маротиба дар вохӯрии финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон бозӣ карда, ду маротиба – солҳои 1997 ва 2003 ба дарёфти Ҷом ноил гардид.

Қобили зикр аст, ки 17 сол пеш – соли 2003 ин дастаҳо дар вохӯрии финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон бо ҳам бозӣ карда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...