Бозии финалии Parimatch – Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 дар Ҳисор баргузор мешавад

Бозии финалии Parimatch – Ҷоми Тоҷикистон-2020, ки дар он ду намояндаи вилояти Хатлон – “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар бо ҳам рақобат мекунанд, рӯзи якшанбе, 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозӣ соати 14:00 оғоз гардида, бе ҳузури тамошобинон доир мегарад. То ба даври […]

Бозии финалии Parimatch – Ҷоми Тоҷикистон-2020, ки дар он ду намояндаи вилояти Хатлон – “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар бо ҳам рақобат мекунанд, рӯзи якшанбе, 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозӣ соати 14:00 оғоз гардида, бе ҳузури тамошобинон доир мегарад.

То ба даври финалӣ расидан “Равшан” дастаҳои “Ҳулбук” (3:2), “Панҷшер” (3:2) ва “Истиқлол” (4:2)-ро шикаст дода, Хатлон дар вохӯриҳо бо “Файзканд” (2:1), “Эсхата” (1:0) ва “Истаравшан” (2:0) дастболо шуд.

Қаблан “Равшан” (соли 2003 даста “Олимп-Ансол” ном дошт) се маротиба ба даври финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон роҳ ёфта, танҳо як маротиба – соли 1994 тими “Шодмон”-и Ҳисорро (2:1) шикаст дода, ба дарёфи Ҷом шарафёб гадид.

“Хатлон” (қаблан даста “Вахш” ном дошт) чор маротиба дар вохӯрии финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон бозӣ карда, ду маротиба – солҳои 1997 ва 2003 ба дарёфти Ҷом ноил гардид.

Қобили зикр аст, ки 17 сол пеш – соли 2003 ин дастаҳо дар вохӯрии финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон бо ҳам бозӣ карда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.