Даргузашти табиби 44-солаи тоҷик Зарина Неъматова аз илтиҳоби шуш

Зарина Неъматова, табиби физиотерапевт, мудири шӯъбаи асабшиносии беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапияи шаҳри Хуҷанд рӯзи 10 октябр дар синни 44-солагӣ аз бемории илтиҳоби шуш аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстони Зарина ба “Asia-Plus” иттилоъ доданд. Умедахон ва Салма дӯстони хуби Зарина дар суҳбат ба “Asia-Plus” гуфтанд, ки онҳо беҳтарин дӯст, ҳамдард ва ошнояшонро аз даст додаанд, […]

Зарина Неъматова, табиби физиотерапевт, мудири шӯъбаи асабшиносии беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапияи шаҳри Хуҷанд рӯзи 10 октябр дар синни 44-солагӣ аз бемории илтиҳоби шуш аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстони Зарина ба “Asia-Plus” иттилоъ доданд.

Умедахон ва Салма дӯстони хуби Зарина дар суҳбат ба “Asia-Plus” гуфтанд, ки онҳо беҳтарин дӯст, ҳамдард ва ошнояшонро аз даст додаанд, ки то ҳол набудани ӯро қабул надоранд.

“Беҳтарин инсони заминӣ буданд, ки аз даст додем. Хеле меҳрубон ва барои ҳама ғамхор буд. То ҳол бовар намеояд, ки Зарина дигар бо мо нест. Зарина дар зиндагӣ сахтиҳои зиёдеро пушти сар намуд, ки ногуфтанист. Ҳоло фарзанди хурдакакаш чӣ кор мекунад? Охир ҳамагӣ 7 сол дорад ва ба синфи як меравад. Худи Зарина низ падару модар надошт. Дар оила онҳо ду бародар ва ду хоҳар ҳастанд”, – бо андӯҳ илова кард дӯсти Зарина Умедахон.

Ҳамсуҳбатамон ҳамчунин илова кард, ки дар куҷо сироят ёфтани ӯ аз беморӣ то ҳол барояшон маълум нест, чун Зарина як ҳафта бемор будасту халос.

“Як ҳафта бемор буд ва 3 ё 4 рӯз дар хона табобат гирифт. Аммо нашуд, нафастангӣ азобаш дод ва ба беморхонаи сироятии Хуҷанд бистарӣ намудем. Баъди се рӯз вафот кард. Аз сабаби бемории диққи нафас доштанаш натавонист бо бемории илтиҳоби шуш мубориза барад”, – гуфт Умедахон.

Салма дар шабакаи иҷтимоии Facebooк аз марги нобаҳангоми  дӯсташ навиштааст, ки “Ай Худои ман боз як фарзонаро гирифтӣ?! Чаро?! Ман бо ту ҷанг надорам, аммо дилам реш -реш аст! Ту медонӣ, ки фарзандаш ҳоло ҳозир кӯчак аст?! Ту медонӣ, ки табиби хубе буд барои беморон?! Ҳамаашро медонӣ!!! Раҳмону Раҳим ҳастӣ…. Ҳозиру нозир ҳасти….пас аз ту ИЛТИҶО  дорам бас аст…..ҳамаи беморонро шифо деҳ, ин гулғунчае, ки ҷавон буду умедҳои зиёде дошт, ҷояшро  ҷаннат гардон. Ба фарзанди кӯчакаш, ба аҳли байташ сабр деҳ! Табиб физиотерапевт Негматова Заррина ҷоят ҷаннат бошад! Алвидоъ!”. 

Неъматова Зарина 24-уми январи соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Аз ӯ як фарзанд, духтарчаи 7-сола боқӣ мондааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!                                            

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.