Таъини иҷрои корҳои ҳатмӣ ба сокини пойтахт барои даст кашидан аз нигоҳубини духтараш

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сокини 30-солаи шаҳри Душанбе Меҳроҷиддин Абдулмуминро барои даст кашидан аз тарбия ва нигоҳубини духтараш ба иҷрои 120 соат корҳои ҳатмӣ (яъне берун аз вақти корҳои асосӣ ё аз таълим ба таври бемузд иҷро намудани корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ) маҳкум кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии суди ноҳияи Исмили Сомонӣ, ин […]

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сокини 30-солаи шаҳри Душанбе Меҳроҷиддин Абдулмуминро барои даст кашидан аз тарбия ва нигоҳубини духтараш ба иҷрои 120 соат корҳои ҳатмӣ (яъне берун аз вақти корҳои асосӣ ё аз таълим ба таври бемузд иҷро намудани корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ) маҳкум кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии суди ноҳияи Исмили Сомонӣ, ин корҳоро ӯ дар ҷойҳое, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян мекунад, бо давомнокии на зиёда аз 4 соат дар як рӯз  иҷро мекунад.

“Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2016 суд ӯро ба ҳар моҳ пардохт намудани алимент дар ҳаҷми 150 сомонӣ барои духтари худ, соли таваллудаш 2016 уҳдадор намуда, лекин М.Абдулмумин дидаву дониста қарори судро иҷро намекард”, – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ба ҷуз иҷрои корҳои ҳатмӣ, ӯ инчунин зери назорати судиҷрочиён қарзҳо аз алимент (4 ҳазору 100 сомонӣ)-ро низ пардохт мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.