Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар 10 рӯз 75% иҷро шуд

Дар рӯзи аввали оғози даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад, чанде аз шаҳру навоҳӣ аз иҷрои нақша хабар доданд, аз ҷумла ВМКБ, шаҳрҳои Исфара ва Норак, ноҳияҳои Шаҳристон, Рашт, Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Нуробод. Давоми 10 рӯз аз оғози ин маърака иҷрои нақшаи […]

Дар рӯзи аввали оғози даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад, чанде аз шаҳру навоҳӣ аз иҷрои нақша хабар доданд, аз ҷумла ВМКБ, шаҳрҳои Исфара ва Норак, ноҳияҳои Шаҳристон, Рашт, Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Нуробод. Давоми 10 рӯз аз оғози ин маърака иҷрои нақшаи даъват дар сарорсари кишвар 75% иҷро шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, дар рӯзҳои аввали даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаро барзиёд – 106% иҷро кард.

Ба гуфтаи ӯ, то ин дам иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд 60%, Халон – 70%, Ноҳияҳои тобеи марказ – 85% ва шаҳри Душанбе – 87% таъмин шудааст.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ду моҳ – октябр ва ноябр ҷараён мегирад. Ҳамасола шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хизмат ё озод будан аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хизмат даъват карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳамаи минтақаҳое, ки нақшаи даъват пеш аз муҳлат иҷро шуд, бештар ҷавонон ихтиёрӣ  ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ кишвар азм мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.