Донишҷӯйи тоҷик дар Хабаровск “Донишҷӯи сол” шуд

Зодаи Тоҷикистон Ҷумъаназар Қурбонназаров дар номинатсияи “Донишҷӯи хориҷии сол дар кишвари Хабаровски Русия” дар озмуни “Донишҷӯи сол-2020” ғолиб дониста шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур, озмун аз рӯи 11 номинатсияи инфиродӣ ва дастаҷамъӣ байни 11 мактаби олӣ ва муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ гузаронида шуд. Гуфта мешавад, Ҷумъаназар имсол дар озмуни минтақавӣ […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Зодаи Тоҷикистон Ҷумъаназар Қурбонназаров дар номинатсияи “Донишҷӯи хориҷии сол дар кишвари Хабаровски Русия” дар озмуни “Донишҷӯи сол-2020” ғолиб дониста шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур, озмун аз рӯи 11 номинатсияи инфиродӣ ва дастаҷамъӣ байни 11 мактаби олӣ ва муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, Ҷумъаназар имсол дар озмуни минтақавӣ ширкат варзида, пирӯз шуд ва акнун дар даври финалӣ, ки аз 14 то 19 ноябр дар Маскав доир мегардад, иштирок мекунад.

Ҷумъаназар аъзои маҳфили донишҷӯёни ризокор (волонтёр)-и “Аспект”-и Донишгоҳ ва ҳамзамон муовини роҳбари маҳфили ҷавонони тоҷики машғули таҳсил дар хориҷаи шаҳри Комсомолски лаби Амур мебошад.

Ӯ дар риштаи энергетика ва идоракунӣ аз рӯи ихтисоси “Низомҳо ва технологияҳои биотехникӣ” таҳсил намуда, дар машғулиятҳои бюрои тарҳрезӣ (конструкторӣ)-и “Электроника ва робототехника” иштирок мекунад.

Қобили зикр аст, ки ин озмун аз соли 2014 инҷониб дар зиёда аз 70 субъектҳои Русия гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.