Комроншоҳ медали биринҷии қаҳрамонии самбои ҷаҳонро ба даст овард

Date:

Комроншоҳ Устопириён мақоми сеюми қаҳрамонии ҷаҳони самборо дар шаҳри Нови Сади кишвари Сербистон ба даст овард. Комроншоҳ, ки барои раҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ аз варзишгари рус Сергей Рябов шикаст хӯрд, дар сабқат барои мақоми сеюм варзишгари укроинӣ Ярослав Давидчукро шикаст дод.

Комроншоҳ дар даври аввал ҳарифаш аз кишвари Мағрибро бо ҳисоби 7.0 шикаст дод, вале дар даври дигар сабқатро бо варзишгари рус бо ҳисоби 2.1 бохт.

Дар сабқат барои ҷойи сеюм Комроншоҳ Ярослав Давидчуки укроиниро бо ҳисоби 6.0 шикаст дод ва барои бори сеюм медали биринҷии қаҳрамонии самбои ҷаҳонро ба гардан овехт.

Имсол ба далели ҳамагирии коронавирус рафтани паҳлавонони тоҷик ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони самбо бисёр душвор шуд. Онҳо баъди иҷозаи ҷониби Узбакистонро гирифтани Тоҷикистон аз Тошканд ба Истамбул ва аз он ҷо ба Белград парвоз карданд.

Аммо ба далели дурии роҳ Комроншоҳ ба маросими вазнкашӣ дертар расид, ки як бор ӯро аз миёни паҳлавонони сабқат берун карданд. Вале дубора бо дахолати мақомҳои варзишӣ ӯро ба сабқат роҳ доданд.

Имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар миёни бузургсолон Тоҷикистонро се варзигари маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов вазни 57, Хушқадам Хусравов вазни 62 ва Комроншоҳ Устопириён вазни 90 муаррифӣ мекунанд. Ду самбокори дигар тоҷик рӯзҳои 7-8-уми ноябр ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Федератсияи ҷаҳонии самбо хабар додааст, ки сарфи назар аз ҳамагирии коронавирус имсол 30 кишвар дар сабқати Қаҳрамонии ҷаҳон ширкат мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...