Таъсиси филиали Донишкадаи рушди мудирияти Сингапур дар Душанбе

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси филиали Донишкадаи рушди мудирият (менеҷмент)-и Сингапур дар Душанбе қарор ба имзо расонид. Дар санад қайд мешавад, ки филиали донишкада “бо мақсади минбаъд такмил додани тайёр кардани кадрҳои соҳибтаҷрибаи дорои маълуомти олӣ ва рушди ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи маориф” таъсис меёбад. Ба сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси филиали Донишкадаи рушди мудирият (менеҷмент)-и Сингапур дар Душанбе қарор ба имзо расонид.

Дар санад қайд мешавад, ки филиали донишкада “бо мақсади минбаъд такмил додани тайёр кардани кадрҳои соҳибтаҷрибаи дорои маълуомти олӣ ва рушди ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи маориф” таъсис меёбад.

Ба сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки таъсиси филиали ин муассисаи таълимиро дар пойтахт маъқул шуморанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳандозии тадбирҳои зарурӣ баҳри ҳалли масоили тадорукотиву ҳуқуқии таъсиси филиал уҳдадор шудааст.

Нзорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини сарварзири ҷумҳурӣ вогузор шудааст.

Қобили зикр аст, ки филиали Донишкадаи рушди мудирияти Сингапур ҳанӯз соли 2007 дар шаҳри Тошканд ифтитоҳ гардида буд.

Донишкадаи рушди мудирияти Сингапур (Management Development Institute of Singapore, MDIS) нахустин донишкадаи ғайритиҷоратии таҳсилоти касбӣ дар Сингапур буда, соли 1956 таъсис дода шудааст.

MDIS Singapore дар ҳамкорӣ бо макотиби олии маъруфи ИМА, Австралия ва Британияи Кабир давраҳои омӯзишии сертификатсионӣ ва барномаҳои таҳсилоти олӣ дар бахшҳои тиҷорату мудирият, муҳандисӣ, мӯду тарроҳӣ, сайёҳӣ ва тиҷорат дар меҳмонхонаҳо, IT, равоншиносӣ, расонаҳо, инчунин тибро пешниҳод мекунад, ки минбаъд ба хатмкунандагон баҳри комёбӣ дар касбу кори худ имкони зиёд фароҳам месозад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.