“Қатли Туғрал” дар Теҳрон нашр шуд

Нашриёти “Орван”-и Теҳрон китоби “Қатли Туғрал”, навиштаи Қутбӣ Киромро, ки соли 1993 дар Душанбе чоп шуда буд, нашр кардааст. Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси Муассисаи фарҳангии ECO бо нашри ин хабар навиштааст, ки дар пешгуфтори китоби мазкур роҷеъ ба зиндагиномаи Туғрали Аҳрорӣ, ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти тоҷик маълумот пешниҳод шудааст. Китоби “Қатли Туғрал” бори аввал соли 1993 […]

Asia-Plus

Нашриёти “Орван”-и Теҳрон китоби “Қатли Туғрал”, навиштаи Қутбӣ Киромро, ки соли 1993 дар Душанбе чоп шуда буд, нашр кардааст.

Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси Муассисаи фарҳангии ECO бо нашри ин хабар навиштааст, ки дар пешгуфтори китоби мазкур роҷеъ ба зиндагиномаи Туғрали Аҳрорӣ, ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти тоҷик маълумот пешниҳод шудааст.

Китоби “Қатли Туғрал” бори аввал соли 1993 дар Тоҷикистон аз сӯйи нашриёти Сино бо тиражи 40 ҳазор нусха ба нашр расид. Қутбӣ Киром шоири халқии Тоҷикистон дар ин китоб фоҷеаи ба шаҳодат расидани Туғрали Аҳрориро ба тасвир кашидааст.

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919), аз шоирони машҳури тоҷик ва аз пайравони муваффақи Бедили Деҳлавӣ буд, ки дар соли 1919 аз сӯйи неруҳои сурхи Шӯравӣ дар зодгоҳаш ноҳияи Айнӣ кушта шуд. Дар замони Шӯравӣ фоҷиаи қатли Туғрал пинҳон дошта мешуд ва куштани ӯ аз сӯйи неруҳои сурхи инкор карда мегшуд.

Баъдҳо бо талошҳои шахсиятҳои барҷастаи сиёёсиву фарҳангие чун Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Носирҷон Маъсумӣ, Ҳабибулло Назаров, Қутбӣ Киром ва чанд тани дигар осораш мунташир шуд бо дастури мақомоти вақт шоири бегуноҳ "сафед" шуд.

Гузаштагони Туғрал самарқандӣ ва аз авлоди Хоҷа Аҳрори Валӣ буданд. Туғрал дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро таҳсил кард ва бо аҳли адаби ин ду шаҳр робитаи амиқи дӯстӣ дошт. Девонаш бори аввал соли 1916 дар чопхонаи Когон мунташир шуд. Осори боқимондаи ӯ, асосан, дар қолиби маснавӣ, қасида, мусаммат, рубоӣ ва фард эҷод шудааст. Маснавии "Лайлӣ ва Маҷнун" – и ӯ иборат аз 219 байт дар пайравӣ аз "Лайлӣ ва Маҷнун" – и Шамсиддини Шоҳин – аз шоирони муосири ӯ  суруда шудааст.

Туғрал дар пайравӣ аз Бедил "Соқинома" – е ҳам навишта ва манзумаи "Наврӯзнома" низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.