Боздошти корманди сохтаи комиссариати ҳарбӣ дар Душанбе

Date:

Дар шаҳри Душанбе як ҷавони 28-сола, ки худро корманди Комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ намуда, ҷавононро бо таҳдиди ба таври зурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан, телефонҳои мобилиашонро аз они худ кардааст, боздошт гардид.

Ба РВКД дар шаҳри Душанбе зиёда аз 13-нафар ҷавонон, ки аксаран донишҷӯён ҳастанд, бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намудаанд, ки мавриди фиреби як нафар мардумфиреб қарор гирифта, телефонҳои мобилии худро аз даст додаанд. Ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Назарзода Акбарҷони Гадо, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Теппаҳои Самарқандиро ҳамчун гумонбар дастгир намуданд. Номбурда қаблан суд шудааст.

Гуфа мешавад, ки гумонбар бо усули хосе ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст. Яъне ӯ худро ҳамчун корманди Комиссариати ҳарбӣ муааррифӣ намуда, ҷавононро аз ба таври зурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан тарс дода, телефонҳои мобилиашонро аз они худ кардааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


“Тафтишоти пешакӣ 13-ҳолати мардумфиребии ӯро ошкор намуд, ки ҷиҳати муайян намудани ҳолатҳои содир намудани дигар ҷиноятҳо тафтиш идома дорад. Бояд гуфт ин амали ноҷавонмардонаи дастгиршуда боиси коста гардидани обрӯву эътибори мақомоти давлатӣ ва дилсард гаштани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ гашта, номбурда барои содир намудани ин кирдорҳои ҷиноятиаш дар назди қонун ҷавоб ҳоҳад гуфт”, – омадааст дар хабари РВКД.

Зикр мегардад, ки айни замон нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 247(Қаллобӣ)  қисми 2-Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...