Дар маркази савдои Самарқанд мард ҳамсар ва маъшуқашро пеши чашми ҳама кушт

Дар маркази савдои шаҳри Самарқанд воқеъ дар кӯчаи Мирзо Улуғбек шоми 20 ноябр марде ҳамсари худ ва маъшуқашро назди бошандагони ин марказ кушт, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба шабакаи телевизионии STV. Ба иттилои манбаъ, марди тахминан 40-сола ба марду зан бо корд ҳамла мекунад, ки дар натиҷа онҳо захмҳои ҷиддӣ гирифта, аз хунравии зиёд […]

Asia-Plus

Дар маркази савдои шаҳри Самарқанд воқеъ дар кӯчаи Мирзо Улуғбек шоми 20 ноябр марде ҳамсари худ ва маъшуқашро назди бошандагони ин марказ кушт, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба шабакаи телевизионии STV.

Ба иттилои манбаъ, марди тахминан 40-сола ба марду зан бо корд ҳамла мекунад, ки дар натиҷа онҳо захмҳои ҷиддӣ гирифта, аз хунравии зиёд ҳалок шудаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, сокини 42-солаи ноҳияи Пастдарғом ҳамсари худро ҳангоми бо маъшуқи эҳтимолиаш ба марказ даромадан пайгирӣ намуда, бо ёдоварӣ аз саргузашти пешин ва муносбатҳои ошиқонаи занаш, аз ҳиссиёти рашк ҳар дуи онҳоро пеши чашми ҳама ба қатл расонидааст.

Тавре сухангӯи Прокуратури генералӣ Ҳаёт Шамсутдинов хабар додааст, аз рӯйи ин далел рӯзи 20 ноябр дар прокуратураи шаҳри Самарқанд мутобиқи б. “а”,қ. 2, моддаи 97 КҶ Ӯзбекистон (Одамкушии барқаасдона) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.