Ҳукми 5 соли зиндон ба шаҳрванди Тоҷикистон барои фурӯши ғайриқонунии чӯбу тахта дар Русия

Дар шаҳри Братски Русия шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми фурӯши ғайриқонунӣ ва қочоқи чӯбу тахта ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Бино ба иттилои суди шаҳри Братск, шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон ба ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи машғул ба фурӯш ва қочоқи чӯбу тахтаи ғайриқонунӣ тайёршуда дар ҳаҷми ниҳоят зиёд машғул будааст. Гуфта мешавад, гурӯҳи ҷиноятпеша […]

Дар шаҳри Братски Русия шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми фурӯши ғайриқонунӣ ва қочоқи чӯбу тахта ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Бино ба иттилои суди шаҳри Братск, шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон ба ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи машғул ба фурӯш ва қочоқи чӯбу тахтаи ғайриқонунӣ тайёршуда дар ҳаҷми ниҳоят зиёд машғул будааст.

Гуфта мешавад, гурӯҳи ҷиноятпеша бастаи ҳуҷҷатҳои сохта тартиб дода, ба маблағи умумии зиёда аз 100 млн рубл чӯбу тахта фурӯхтаанд.

“Суд мардро ба 5 соли зиндони низомаш сахт ва инчунин манъи машғул шудан ба фаъолияти хариду фурӯши чӯбу тахта ба муҳлати 1 солу 6 моҳ ва пардохти ҷарима дар ҳаҷми 400 ҳазор рубл маҳкум кард”, – омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки ба сифати ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо суд пурра иқрор шудан ба гуноҳ, пушаймонӣ аз содир кардани он, мусоидат ба ошкор кардани ҷиноят, фарзандони хурдсолро дар тарбия доштан ва вазъи солимии гунаҳкорро ба инобат гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.