Тоҷикистон воридоти ордро зиёду гандумро кам кард

Давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон беш аз 73 ҳазор тонна орд ворид карда шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44% зиёдтар аст. Ин миқдор орд ба маблағи умумии қариб 19 млн доллар харидорӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи […]

Давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон беш аз 73 ҳазор тонна орд ворид карда шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44% зиёдтар аст.

Ин миқдор орд ба маблағи умумии қариб 19 млн доллар харидорӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 52% қиматтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, барои қонеъ намудани талаботи дохилӣ ҷумҳурӣ асосан аз воридоти гандум истифода мебарад, ки минбаъд дар корхонаҳои истеҳсоли орди кишвар коркард мешавад.

Ҳарчанд нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 воридоти гандум дар зарфи 10 моҳ 7,8% кам шуда бошад ҳам, ҳаҷми гандуми воридшуда аз ҳаҷми орди воридотӣ 10 баробар зиёдтар аст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, тӯли моҳҳои январ-сентябри соли равон ба ҷумҳурӣ зиёда аз 760 ҳазор тонна гандум оварда шудааст.

Гандум ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид мегардад, ки зиёда аз 90%-и воридоти ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ ба ин кишвар рост меояд.

Қобили зикр аст, ки талаботи ҷумҳурӣ ба орд дар як сол наздики 1 млн тонна арзёбӣ мешавад.

Тибқи маълумоти Агентии омор, нархи орди навъи якум, ки бештар серхаридор аст, аз моҳи январ то аввали моҳи ноябр қариб 15% боло рафт.

Ба ҳолати аввали моҳи ноябр арзиши 1 кило орди навъи якум ба ҳисоби миёна дар пойтахт 4,7 сомонӣ, шаҳри Турсунзода – 5,2 сомонӣ, Рашту Ванҷ ва Хоруғ – беш аз 5 сомонӣ, Хуҷанду Исфара ва Истаравшан – 4,4 сомониро ташкил дод.

Мебояд гуфт, орд барои мардуми Тоҷикистон маҳсулот бештар мавриди ниёзи аввал ба шумор меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.