Ба Федератсияи велосипедронҳои Тоҷикистон аккредитатсияи давлатӣ дода шуд

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода аснои як ҷаласаи расмӣ ба раиси Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев ботантана аккредитатсияи давлатиро супорид. Зимнан, ҷонибҳо дар ин ҳамоиш созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак дар татбиқи сиёсати давлатии бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистонро ба имзо расониданд.  Озодхон Давлатшоев дар мавриди дастоварду […]

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода аснои як ҷаласаи расмӣ ба раиси Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев ботантана аккредитатсияи давлатиро супорид.

Зимнан, ҷонибҳо дар ин ҳамоиш созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак дар татбиқи сиёсати давлатии бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

 Озодхон Давлатшоев дар мавриди дастоварду комёбиҳои Федератсияи велосипедронӣ дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021 ибрози назар кард.  Федератсия ба нақша гирифтааст, ки варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистонро аз рӯи ин намуди варзиш омода намуда, мураббиён ва доваронро барои такмили ихтисосашон фаро бигирад.

Озодхон Давлатшоев ва Абдулло Раҳмонзода инчунин дурнамои рушди дучархаронӣ: ифтитоҳи сексияҳои велосипедронӣ дар минтақаҳо, дастгирӣ ва рушди дучархасаворӣ дар кӯҳ ва бунёди зерсохторҳои заруриро баррасӣ карданд.

Ба қавли Абдулло Раҳмонзода, варзиш дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои авлавиятноки сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир, аз ҳарвақта дида бештар рушд додани варзиш муҳим аст, зеро он тобоварии ҷисмониро беҳтар ва системаи иммуниро мустаҳкам мекунад, ки ин ҳангоми бемории ҳамагир (пандемия) хеле муҳим аст.

Сарпарасти асосии Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell мебошад.

Озодхон Давлатшоев, ки ҳамзамон директори генералии Tcell мебошад, борҳо таъкид кардааст, ки яке аз афзалиятҳои умдаву аслии фаъолияти иҷтимоии Tcell таблиғи арзишҳои тарзи ҳаёти солим ва дастгирии чорабиниҳои варзишӣ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.