Тоҷикистон бори нахуст воксини вируси баногӯшакро ворид кард

Дар Тоҷикистон имсол бемории баногӯшак ба барномаи миллии иммунизатсия ворид шуд ва аз охирҳои моҳи ноябр воксини зидди ин бемориро истифода мебаранд. Зеро давоми се соли ахир дар ин кишвар аз 1,5 то 2,5 ҳазор ҳодисаи дучоршавии кӯдакон ба ин беморӣ зиёд шудааст, ки то имрӯз ваксинакунии баногӯшак дар тақвими миллии имунизатсия пешбинӣ нашуда буд. Ҷаннатой […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон имсол бемории баногӯшак ба барномаи миллии иммунизатсия ворид шуд ва аз охирҳои моҳи ноябр воксини зидди ин бемориро истифода мебаранд. Зеро давоми се соли ахир дар ин кишвар аз 1,5 то 2,5 ҳазор ҳодисаи дучоршавии кӯдакон ба ин беморӣ зиёд шудааст, ки то имрӯз ваксинакунии баногӯшак дар тақвими миллии имунизатсия пешбинӣ нашуда буд.

Ҷаннатой Набиева, директори Филиали Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика  дар вилояти Суғд  дар сeҳбат бо “Азия Плюс” гуфт Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷа воксини зидди баногӯшакро ворид кардааст ва имрӯз 23-юми ноябр бояд ба шимолии кишвар низ дастрас гардад. Ӯ мегӯяд, соли 2018 дар Суғд 718 нафар, соли 2019 бошад 1628 нафар ва нӯҳ моҳи соли равон 642 кӯдакони то 5-7 сола дар ин вилоят дучори бемории вируси сироятии баногӯшак шудаанд. Духтурон мегӯянд, дар сурати истифода накардани ваксинаи саривақтӣ бемории баногӯшак паёмадҳои нохушро дар ҷисми кӯдакон мегузорад.

“Яке аз бемориҳои сироятии вирусӣ, ки ба оризаҳои ҷиддӣ ба монанди энсефалит, минингит ва безурриётӣ оварда мерасонад бемории баногӯшак (паротит) мебошад. Ба монанди аксарияти бемории сироятии идоранашаванда баногӯшак низ табобати махсус надорад ва иммунизатсия ҳамчун усули самаранок ва камхарҷ барои пешгирии ин бемори ҳисоб мешавад. Тибқи барномаи иммунопрофилактика Тоҷикистон воридкунии ваксинаи нави зидди бемории баногӯшакро дар  солҳои 2016-2020 ҳадаф қарор дод ва имрӯз он иҷро шуд. Мо то имрӯз ваксина мегузаронидем зидди сурхчса-гулафшонба акнун ваксина ворид шуд номаш иваз шуд сурхча-баногӯшак-гулафшон”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ оғози моҳи июн фармоне содир кард, ки дар асоси он бояд аз 23-уми ноябри соли 2020 ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшон барои иммунизатсияи кӯдакони синни 1 сола ва такроран дар синни 6 солагӣ истифода бурда шавад. То имрӯз ваксина бар зидди чанде аз бемориҳои ба монанди фалаҷ, гипатити В, сил, кабутсулфа, гулӯзиндонак, кузоз, сирояти гемофилии шакли b (Hib), шикамварами кӯдакон ва ғайра дар барномаи миллии имунизатсия мавҷуд буд. 

Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика  мегӯянд ҳамасола тахмин дар вилояти Суғд то 65 ҳазор кӯдакон таваллуд мешаванд ва аз рӯйи тақвим бо синну сол онҳо  иммунизатсия мегиранд. Сатҳи фарогирӣ ба ваксинаҳо дар ин вилоят солона 97-98 фоизро ташкил медодааст, ки ба талаботи Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФТ мутобиқ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.