Раиси ноҳияи Рӯдакӣ барканор шуд

Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз вазифа барканор шудааст. Дар ин бора як манбаъ ба "Азия-Плюс" хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ба ҷойи Акрамзода имрӯз дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода, ки то ин замон раиси Агентии хоҷагии ҷангал буд, ба сифати раиси ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ шудааст.  Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон то кунун дар бораи тағйироти […]

Asia-Plus

Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз вазифа барканор шудааст. Дар ин бора як манбаъ ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ба ҷойи Акрамзода имрӯз дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода, ки то ин замон раиси Агентии хоҷагии ҷангал буд, ба сифати раиси ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ шудааст. 

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон то кунун дар бораи тағйироти кадрии имрӯз иттилое нашр накардааст, вале манбаи мо мегӯяд, торнамои Президенти Тоҷикистон баъди асри имрӯз ахбори марбут ба тағйироти кадриро нашр мекунад. 

Ҳафтаи гузашта ҳам президент раиси Бонки миллии Тоҷикистонро барканор кард, ки ба ҷойи ӯ муовинаш Ҳоким Холиқзода раиси бонк шуд. Ҳамчунин дар баробари раиси Бонки миллӣ ректорони бархе донишгоҳҳо ва раҳбарону муовинони ниҳодҳои бахши иқтисоди ҳукумат низ барканору таъин шуданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.