Даргузашти комиссарони 7 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон

Фазлиддин Дамонов, сарҳанги мустафъии тоҷик дар 57-солагӣ дар шаҳри Сургути Русия аз олам даргузашт. Ӯ собиқ коммисари ҳарбии чанде аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон буд ва ба Русия барои муолиҷа рафта буд, вале нисфирӯзии санаи 23-уми ноябр ҷон ба ҷонофарин супорид. Яке аз дӯстони наздики Фазлиддин Дамонов ба “Азия-Плюс” гуфт, ки сарҳанг барои табобати бемории гурда Русия рафта буд, вале […]

Фазлиддин Дамонов, сарҳанги мустафъии тоҷик дар 57-солагӣ дар шаҳри Сургути Русия аз олам даргузашт. Ӯ собиқ коммисари ҳарбии чанде аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон буд ва ба Русия барои муолиҷа рафта буд, вале нисфирӯзии санаи 23-уми ноябр ҷон ба ҷонофарин супорид.

Яке аз дӯстони наздики Фазлиддин Дамонов ба “Азия-Плюс” гуфт, ки сарҳанг барои табобати бемории гурда Русия рафта буд, вале бозгашти солим насиб накард. Манбаъ мегӯяд, рӯзи гузашта оилаи марҳумро, ки дар Хуҷанд аст, аёдат намуд ва “рӯзҳои наздик масъалаи овардани ҷасад аз Русия бояд ҳалли худро ёбад”.

Фазлиддин Дамонов 9-уми сентябри соли 1963 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи олии ҳарбӣ ба номи  Коневи Алмато буд. Ӯ баъди хизмати ҳарбӣ солҳои 1986 дар дивизияи панҷуми тирандозӣ дар Афғонистон  дар вазифаҳои командири взвод ва муовини командири рота кор карда буд.

Сарҳанг Дамонов, солҳои 1986-1990 ёвари коммисари ҳарбии ноҳияи Панҷ, 1990-1995 сардори зершӯъбаи дуюм ва Комиссари ҳарбии ноҳияи Вахш, соли 1995 дар шаҳри Қӯрғонтепа, солҳои 1995-2001 дар шаҳри Исфара, 2001-2005 дар шаҳри Хуҷанд, 2006-2009 дар шаҳри Бӯстон, 2009-2013 дар ноҳияи Спитамен ба ҳайси Комиссари ҳарбӣ кор кардааст.

Шариф Азизов, сарҳанги мустафъӣ ,узви Раёсати шӯрои собиқадоррони хизмати ҳарбӣ дар Суғд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” марги нобаҳангоми Дамоновро андуҳи бузург хонду гуфт, ӯ инсони хоксору заминӣ буд.

“Новобаста аз мансабу мақоми доштаашон, зиндагии хоксорона доштанду инсони заминӣ буданд. Ҳамчун ҷанговари байналмиллал ба қадри инсон мерасиданд. Устоди афсарони ҷавон буданд. Новобаста аз унвони полковникӣ ва мақому манзалат доштанашон, шахси хоксор буданд, ки ҳамавақт афсарони ҷавонро дастгирӣ мекарданд. Масъалаи ба зиммашон гузоштаро содиқонаву софдилона ба ҷой меоварданд. Доимо мушкилии ҳамаро мешунавиданд ва комиссари  мардумӣ буданд”.

Дорандаи ордени “Ситораи сурх”, 7 медали ҷашнӣ ва падари чаҳор фарзанд буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.