Рустами Эмомалӣ ба Маскав рафт: сафари расмӣ

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ субҳи имрӯз бо сафари расмӣ ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалиро дар ин сафар раисони кумита ва ахзои парлумон, инчунин дигар шахсони мансабдор ҳамроҳӣ мекунанд. Гуфта мешавад, дар фурудгоҳи «Внуково-2»-и шаҳри Маскав ҳайати парлумони Тоҷикистонро муовини раиси […]

Asia-Plus

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ субҳи имрӯз бо сафари расмӣ ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалиро дар ин сафар раисони кумита ва ахзои парлумон, инчунин дигар шахсони мансабдор ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар фурудгоҳи «Внуково-2»-и шаҳри Маскав ҳайати парлумони Тоҷикистонро муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Илёс Умаханов ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Дар бораи барнома ва ҳадафи сафари Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Маскав маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки ин аввалин сафари расмии Рустами Эмомалӣ дар мансаби раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.